“Ташаббуси ягонаи саломатӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳифзи чорво ва пешгирии пандемияи оянда, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ибтидоӣ”

“Ташаббуси ягонаи саломатӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳифзи чорво ва пешгирии пандемияи оянда, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ибтидоӣ”
Март 16
20:37 2022

Таҳти чунин унвон 16 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинги минтақавии сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он ба таври ҳузурӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров,  миссияи Бонки ҷаҳонӣ ва ба таври маҷозӣ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Зимни брифинг ҳолати кунунӣ ва дурнамои пешгирии эҳтимолии паҳншавии пандемия, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ибтидоӣ дар Осиёи Марказӣ, хосатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин самт изҳори ҳавасмандии хешро баён доштанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи мавзӯи брифинги мазкур ҳамзамон вохурии миссияи Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои кишвар низ дар назар аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412