ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ

ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ
Октябр 19
15:50 2020

Дар шаҳри Хуҷанд дар назди Маркази саратоншиносии вилоят шуъбаи табобати нурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар ҷараёни он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок доштанд.

Дар шуъбаи навтаъсис дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дастрас ва васлу насб шудааст, ки асосан барои ташхис ва табобати бемориҳои саратон пешбинӣ гардидааст.

Бо ифтитоҳи шуъбаи табобати нурӣ ба Маркази саратоншиносии вилоят мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб шуда, ба беморон хизматрасонии сатҳи баланди тиббиро ба роҳ мондаанд.

Директори Маркази саратоншиносии вилояти Суғд Бахтиёр Орифов зикр дошт, ки акнун ба беморон муяссар мегардад, ки дар Маркази саратоншиносии вилоят табобати нурӣ гиранд. То ин дам беморон барои гирифтани чунин табобат ба маркази ҷумҳурӣ ё хориҷи кишвар мерафтанд. Бо ифтитоҳи шуъба ва дастрасшавии таҷҳизот дар вилоят ба беморон шароит фароҳам омад, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии саратонӣ муҳайё гардид.

Шуъба дорои бист кати хоб буда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам аст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412