Вазъи бемории COVID-19 дар мамлакат баррасӣ гардид

Вазъи бемории COVID-19 дар мамлакат баррасӣ гардид
Август 11
10:11 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлили вазъи бемории  COVID-19 дар мамлакат ва андешидани чораҳои қатъӣ бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемории мазкур ҳамрӯза бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат машварати онлайнӣ баргузор мегардад.

Бо ин мақсад бегоҳии дирӯз, 10 августи соли равон бо иштироки муовинони  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Самариддини Ализода, Зулфия Абдусаматзода машварати онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар машварати онлайнӣ масъалаҳои андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои пешгирии бемории мазкур, назорати беморони амбулаторӣ, таъмини беморон бо маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории  COVID-19 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412