Вазъи соҳаи дилшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июл 17
11:48 2017

Чанде қабл бо мақсади мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додани вазъи хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ ба маризони дил  ва шинохти вазъи соҳаи дилшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тақозо нисбати солҳои гузашта, дастовардҳо ва проблемаҳои ҷойдоштаи соҳа, дар толори «Кохи Матбуот»-и шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалии Ҷамъияти дилшиносонии вилояти Суғд  баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур зиёда аз  80 нафар дилшиносон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва муассисаҳои тандурустии маркази вилоят, аз он ҷумла табибони стансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур ҳамзамон  масъалаҳои мубрами соҳа, аз он ҷумла «Имкониятҳои муосири табобати доруворӣ ҳангоми пешгирии дуюминдараҷаи бемории ишемиявии дил», «Арзёбии сатҳи пайравии табибон ҷиҳати иҷрои тавсияҳои муосир оид ба табобати фишорбаландии шараёнӣ», «Натиҷаи воридоти дастурҳои клиникӣ оид ба ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дил дар Беморхонаи марказии ноҳиявии Б. Ғафуров» баррасӣ шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412