Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ТУТ Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ТУТ Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Октябр 20
15:57 2020

Имрӯз, 20 октябри соли равон Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Директори Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо доктор Ҳанс Клуге ба тариқи виртуалӣ Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкориро ба имзо расониданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи онлайнӣ ба Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар Аврупо барои дастгирии доимӣ дар самти мубориза бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён намуд.

-Имрӯз аз нуқтаи назари таърихӣ рӯзи муҳим аст, зеро мо бори аввал бо шумо дар шакли виртуалӣ Созишномаи навбатии дусоларо байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имзо мерасонем. Мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамкории глобалӣ барои рафъи бемории коронавируси нави COVID-19 содиқ  мебошад,-афзуд ӯ.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412