ВМКБ: Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои тандурустӣ

ВМКБ: Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои тандурустӣ
Август 05
09:41 2020

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шарикони рушд давоми соли 2020 дар вилоят сохтмон, таъмир ва азнавсозии як қатор иншооти тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.

Айни замон сохтмони Беморхонаи замонавӣ дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳаҷми 22 млн 778 ҳазор сомонӣ идома дошта,  ба ҳолати ҳозира корҳои  сохтмонӣ ба андозаи 2 млн 941 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин, сохтмони бинои  нави Беморхонаи минтақавии Вранг бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6 млн 300 ҳазор  сомонӣ  оғоз гардида, корҳои сохтмонии он то кунун ба андозаи 934 ҳазор сомонӣ ба анҷом  расонида шудаанд.

Айни замон таъмири асосии шӯъбаҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия Ванҷ, шӯъбаи сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон, шӯъбаи ҷарроҳии  Беморхонаи марказии ноҳия Ишкошим  бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.

(Акс аз бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411