Вобаста ба қайд гирифтани шахсони иммунизатсияшуда бо ваксинаи зидди сирояти нави коронавирус машғулияти омӯзишӣ доир гардид

Вобаста ба қайд гирифтани шахсони иммунизатсияшуда бо ваксинаи зидди сирояти нави коронавирус машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Апрел 28
13:46 2021

Имрӯз, 28 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” (TEC-19)-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ (гранти №D604-TJ) ҷиҳати ба қайд гирифтани шахсони иммунизатсияшуда бо ваксинаи зидди сирояти нави коронавирус COVID-19 ва ворид намудани маълумотҳои умумӣ дар базаи электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар машғулияти омӯзишӣ мутахассисон аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва 15 марказҳои саломатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Зимни машғулияти омӯзишӣ ба иштирокчиён доир ба тартиби бақайдгирии шахсони иммунизатсияшуда бо ваксинаи зиддии бемории COVID-19 ва тарзи дуруст пешниҳод намудани маълумотҳо дар ин самт маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,068
  • 2,085
  • 1,071,479