Вобаста ба таҳияи лоиҳаҳои Нақшаи амали “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар самти тавонбахшӣ ва технологияҳои ассистивӣ ҷаласаи корӣ баргузор гашт

Вобаста ба таҳияи лоиҳаҳои Нақшаи амали “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар самти тавонбахшӣ ва технологияҳои ассистивӣ ҷаласаи корӣ баргузор гашт
Декабр 14
15:11 2023

Имрӯз, 14 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе ҷаласаи кории якҷояи Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсозӣ оид ба тавонбахшӣ ва технологияҳои ассистивӣ ва гурӯи кории байниидоравӣ оид ба таҳия намудани лоиҳаҳои “Нақшаи амали “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар самти тавонбахшӣ ва технологияҳои ассистивӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсат ва шӯъбаҳои вазорат, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, махусан маъюбон аз ҷониби давлат ва Ҳукумати  мамлакат андешаронӣ кард.

Ҳамин тавр, дар ҷаласа як қатор иштирокчиён доир ба муаррифии Нақшаи амал оид ба тавонбахшӣ ва технологияи ассистивӣ, вазифаҳо ва қадамҳои минбаъда вобаста ба амалинамоии Нақшаи амали “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар самти тавонбахшӣ ва технологияҳои ассистивӣ баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 29
  • 41
  • 1,085,857