Вохурӣ бо аъзоёни “Иттиҳодияи табибони ҷавон”

Вохурӣ бо аъзоёни “Иттиҳодияи табибони ҷавон”
Ноябр 12
14:56 2020

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 имрӯз, 12 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ доир гардид, ки дар он намояндаи  Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  ва директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Эмомалӣ Мирзоев иштирок намуданд.

Дар ҷаласа  зикр гардид, ки аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” имрӯзҳо бояд ҳамчун як қувваи ёрирасон ба табибон дар самти пешгирии бемории COVID-19 саҳмгузор бошанд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси ташкилоти мазкур дар назди вазорат дар байни мардум гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии ҳар гуна бемориҳо мебошад. Айни замон, ки бемории коронавируси нави COVID-19 дар баробари кишварҳои олам сокинони кишвари моро низ нигарон намудааст, аъзоёни ин ташкилоти ҷамъиятиро, ки аксаран табибони ҷавон ва аз соҳа огоҳ мебошанд, зарур аст, ки дар самти пешгирии ин беморӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳро пурзӯр намоянд.

Дар навбати худ табибони ҷавон иброз доштанд, ки ҳамчун як қувваи ёрирасон дар паҳули табибони кишвар қарор гирифта, дар пешгирии бемории COVID-19 саҳми хешро хоҳанд гузошт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412