Вохурӣ бо имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Фирдавсӣ

Вохурӣ бо имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Фирдавсӣ
Май 05
16:07 2021

Имрӯз, 5 майи соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади тақвият бахшидани чорабиниҳо дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар масҷидҳо, омодагиҳо барои баргузории намози иди Рамазон дар масҷидҳо бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва баргузории маъракаи иммунизатсия бар зидди бемори коронавируси нави COVID-19 дар миёни ходимони дин вохурии  муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Каримов Сайфиддин, директори Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзода ва мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов бо имомхатибони масоҷиди ҳудуди ноҳияи мазкур доир гардид.

Абдуалим Норасов, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсади вохурии мазкур боз ҳам пурзӯр намудани чорабиниҳои пешгирикунандаи бемории коронавируси нави COVID-19 дар масоҷиди ҳудуди ноҳия, аз  ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, санҷидани ҳарорати бадани намозгузорон, омодагӣ барои баргузории намози иди Рамазон бо назардошти  риояи қоидаҳои пешгирии бемории мазкур, ҳамзамон омодагӣ ба маъракаи иммунизастия бар зидди бемории COVID-19 дар  миёни ходимони дин мебошад.

Баъдан, директори Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзод зимни суханронии хеш иброз намуд, ки новобаста ба он, ки аз 10 январи соли 2021 дар мамлакат бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, аммо моро зарур аст, ки боз ҳам чораҳои пешгирикунандаи онро қатъиян риоя намоем.

Зикр гардид, ки ҳарчанд имрӯзҳо дар  масҷидҳои кишвар дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда истодаанд, боз ҳам зарур аст, ки чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ тақвият ёбанд. Хосатан, барои баргузории намози иди Рамазон, ки дар масоҷид анбуҳи зиёди одамон ҷамъ меоянд, муҳим ва зарур аст, ки аз ҷониби намозгузорон қоидаҳои пешгирикунандаи ин беморӣ қатъиян риоя карда шаванд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар самти пӯшидани ниқоби тиббии намозгузорон, санҷидани ҳарорати бадани онҳо ва риояи фосилаи иҷтимоӣ бояд имомхатибон корҳои фаҳмондадиҳиро бо намозгузорон боз ҳам ҷоннок намоянд.

Дар навбати худ имомхатибон барои ҳамкорӣ ва пешниҳоди тавсия ва маслиҳати муфид дар самти пешгирии бемории COVID-19 ба мутахассисони соҳа изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳамзамон, дар вохурӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа вазъи  феълии бемории коронавируси нави COVID-19 дар як қатор кишварҳои олам, ки бошиддат паҳн гардидаву боиси фавти одамони бешумор гардида истодааст, таҳлил ва баррасӣ гардида, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки бо шукргузорӣ аз он, ки имрӯз мамлакати мо орӣ аз ин беморӣ мебошад, бояд аз пештара бештар дар самти пешгирии бемории мазкур кӯшиш ва талош намоянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411