Мулоқот бо миссияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ

Мулоқот бо миссияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ
Май 04
15:33 2022

3 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқоти мазкур муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский,  сармутахассиси Намояндагии аврупоии ТУТ оид ба тавонбахшӣ Сатиш Мишра,  мутахассиси Намояндагии аврупоии ТУТ оид ба тавонбахшӣ Катал Морган, директори иҷроияи “A Tscale Global Partnership” Паскал Бийлевелд ва  директори техники  шарикии  глобалии “ATscale” Анил Кашяп иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ташаббусҳои калони  тавонбахширо дар системаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати  баланд бардоштани дастрасӣ ба маҳсулоти технологияи ёрирасонро амалӣ мекунад, то ки ниёзмандон сифати зиндагии худро беҳтар гардонанд. Ин самтҳои ҳаётан муҳим дар асоси амалҳои глобалии барномаи “Тавонбахшӣ -2030” ва ҳамкории глобалӣ дар технологияҳои ёрирасон, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул кардааст, муқаррар шудааст.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки расонидани кумаки техникӣ ба Тоҷикистон барои дастрасии васеъи ниёзмандон  ба  тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ  ва технологияҳои воситаҳои  ёрирасон хеле муҳим мебошад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самти тавонбахшӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва дигар самтҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412