Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис

Апрел 20
14:37 2024

19-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис вохурӣ намуд. Дар вохурии мазкур ҳамзамон муовинони вазир, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат иштирок доштанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нахуст меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим дар соҳаи тандурустӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст.

Махсусан қайд карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар тӯли зиёда аз 10 сол барои таҳкими системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, айни замон бо дастгирии молиявии он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд (ТУТ, ЮНИСЕФ ва GIZ) Барномаи рушди тандурустии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2025 амалӣ карда истодааст.

Аз ҷумла маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои баланд бардоштани самаранокии системаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, рушди инфрасохтори соҳа, баланд бардоштани тахассус ва малакаи кормандони соҳаи тибби мамлакат равона шудааст.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самти    ислоҳоти маблағгузории системаи тандурустӣ, фарматсия, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412