Вохурии судманд баҳри ба кор ҷалб намудани табибони ҷавон

Вохурии судманд баҳри ба кор ҷалб намудани табибони ҷавон
Феврал 28
10:27 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ховалинг бо табибони ҷавон аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳи мазкур вохурӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳияи болозикр ва донишҷӯёне, ки аз ин ноҳия дар  муассисаи таълимии мазкур таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.

Самариддин Ализода,  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки бояд ин қишри ҷомеа бо истифода аз шароит ва имконоти фароҳамгардида баҳри аз худ намудани дониш шабонарӯзӣ талош варзанд ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар идомаи вохурӣ вазъи кадрии муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ховалинг  мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба омода ва ба кор ҷалб намудани мутахассисоне, ки дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи мазкур намерасанд, иштирокчиён таклиф ва пешниҳодоти муфид ироа намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412