Ясмин Гуедар: Мо хоҳони ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистонем

Апрел 21
14:05 2017

Зимни вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо  сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, такмили ихтисоси табибони тоҷик дар Фаронса ва доир намудани курсҳои бозомӯзӣ дар дохили Тоҷикистон, табодули таҷриба дар самти бемориҳои дилу рагҳо ва ба тариқи ройгон роҳандозӣ кардани ҷарроҳиҳои мураккаб дар якҷоягӣ бо табибони маҳаллӣ ҳамкориҳоро боз ҳам вусъат медиҳанд. Хонум  Ясмин Гуедар махсусан зикр намуд, ки мутахассисони Фаронсавӣ ва корпуси дипломатии кишвари Фаронса дар Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои бештар дар самти  тандурустӣ дар кишвари мо ҳастанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412