Зиёда аз 200 нафар донишҷӯён аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд

Феврал 12
11:41 2018

Чанде қабл бо мақсади  таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа, дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон “Корвони саломатӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Чораандешии мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023” рӯи даст гирифта шудааст.

“Корвони саломатӣ” бо иштироки доираи васеъи мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ташкил гардида, дар рафти кори он зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни ин боргоҳ аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 29
  • 41
  • 1,085,857