Раиси вилоят бунгоҳи тиббиро ба истифода дод

Июн 11
07:43 2019

Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар деҳаи Зарнисори  ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ як бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре аз ҳукумати вилояти мазкур ба moh.tj иттилоъ доданд,  бунгоҳи тиббии мазкур бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “Шориқа”-и Аморати муттаҳидаи Араб сохта шуда, он бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бунгоҳи тиббӣ аз се утоқи корӣ иборат буда, дар он чор нафар духтурон ва кормандони техникӣ фаъолият менамоянд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз  бунгоҳи тиббии мазкур диққати духтурон ва роҳбарони муассисаҳои тандурустиро пеш аз ҳама ба солимии аҳли ҷомеа, пешгирии касалиҳои   сирояткунанда   ҷалб намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 194
  • 568
  • 1,485,325