Ситоди ҷумҳуриявӣ: Дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо ва инчунин идгардак дар рӯзи иди Қурбон манъ мебошад

Ситоди ҷумҳуриявӣ: Дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо ва инчунин идгардак дар рӯзи иди Қурбон манъ мебошад
Июл 27
17:48 2020

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ  ва пешгирӣ аз  интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини  бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз  паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо, инчунин идгардак  дар  рӯзи иди Қурбон  манъ мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки  якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ вобаста ба риоя шудани талаботи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият  бахшанд.

Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ аз сокинони мамлакат даъват менамояд, ки дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал карда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи   ниқобҳои тиббии муҳофизатиро   қатъиян риоя намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 200
  • 568
  • 1,485,331