СУТ эҳтимоли такроран аз коронавирус сироят ёфтанро истисно намекунад

СУТ эҳтимоли такроран аз коронавирус сироят ёфтанро истисно намекунад
Август 26
07:39 2020

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  (СУТ) эҳтимоли аз коронавирус  дубора сироят ёфтанро истисно намекунад,  аммо даъват мекунад, ки дар ин маврид саросемавор  набояд хулоса баровард. Тавре ки АМИТ Ховар бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон хабар медиҳад, коршиноси СУТ Мария ван Керкхове рӯзи душанбе, 24 август, зимни тавзеҳи хабари вобаста ба  ошкоршавии ҳодисаи сироятёбии дубора дар Ҳонконг изҳори назар намудааст.

«Сироятёбии дубора эҳтимолан имкон дорад», — зикр намуд ӯ. — Аммо дар ин маврид саросемавор хулоса баровардан зарурат надорад».

«Аз таҷрибаи кор бо дигар коронавирусҳо мо медонем, ки эминии бадан  чанд муддат нигоҳ дошта мешавад», — илова кард коршинос. — Ҳоло мо мебинем, ки одамони ба ин беморӣ гирифторшуда эминият доранд. Аммо, таҳқиқот, аз ҷумла дар мавриди вокунишҳои таомулҳои безараркунанда идома доранд»,-гуфт мавсуф.

ДАР АКС: коршиноси СУТ Мария ван Керкхове. Акс аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411