Тақсимоти 30 тонна гипохлориди натрийи моеъ ба муассисаҳои тандурустӣ

Тақсимоти 30 тонна гипохлориди натрийи моеъ ба муассисаҳои тандурустӣ
Июн 12
18:00 2020

Ба муассисаҳои тандурустӣ ва шӯъбаҳои дезинфексияи профилактикии шаҳру ноҳияҳои мамлакат 30 тонна гипохлориди натрийи моеъ дастрас гардид.

Имрӯз, 12 июни соли равон 30 тонна гипохлориди натрийи моеъ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва шӯъбаҳои дезинфексияи профилактикии шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақсим карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки таҷҳизот ва маводҳои тиббие, ки аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳорӣ шуда, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии мамлакат тақсим карда мешаванд.

 

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,477
  • 2,040
  • 1,262,480