Табибони Тоҷикистон ва Малайзия роҳҳои пешгирии бемории COVID-19-ро баррасӣ намуданд

Табибони Тоҷикистон ва Малайзия роҳҳои пешгирии бемории  COVID-19-ро баррасӣ намуданд
Июн 23
13:50 2020

Имрӯз, 23 июни соли равон дар Маркази тиббии зеҳнӣ воқеъ дар Муассисаи давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”  бо иштироки олимони соҳаи тиб ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Вазорати тандурустии кишвари Малайзия видеоконфронс доир гардид, ки дар он ҷонибҳо роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳазамон, дар видеоконфронс ҷонибҳо атрофи  дигар масъалаҳои  марбут ба бемории коронавируси нави COVID-19  табодули афкор намуда, оид ба вазъи ин беморӣ дар кишварҳои хеш маълумот доданд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади аз ҷониби сармутахассисони соҳавии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (эҳёгарӣ ва наҷот, пулмонологҳо, сироятшиносон, рентгенологҳо, эпидемиологҳо) ба таври фаврӣ расонидани кӯмаки машваратию маслиҳатӣ ба мутахассисони беморхонаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо, ки оид ба ташхис ва табобати беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19  фаъолият доранд, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии зеҳнӣ ба фаъолият ба таври мустақим таъсис дода шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412