Вазъи омодасозии мутахассисони соҳа таҳлил ва баррасӣ гардид

Вазъи омодасозии мутахассисони соҳа таҳлил ва баррасӣ гардид
Феврал 03
15:53 2024

3 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва баланд бардоштани азхудкунии дарсҳо дар байни донишҷӯёни риштаи тиб ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва илмию тиббии ҷумҳуриявӣ, мудирони кафедраҳо ва сармутахассисони соҳавии вазорат иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа иштирокчиён баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар кафедраҳо ва муассисаҳои таълимии соҳавӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос, ҳарчи бештар дар амал ҷорӣ намудани навгониҳо, вусъат бахшидани корҳои илмӣ ва дар амалия ҷорӣ намудани онҳо мулоҳизаронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи ҷорӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” бо рафти таълими донишҷӯёни кафедраи ҷарроҳии кӯдакона низ шинос шуда, барои азхудкунии нозукиҳои ин соҳа ба донишҷӯён маслиҳат ва тавсияҳои муфид доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,186
  • 1,478
  • 1,263,667